«Матбуот –ҳамқадами замон» – таҳқиқоти нав дар соҳаи матбуот

Китоби нави муҳаққиқ ва публитсисти шинохта, мудири кафедраи журналитикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулмуъмин Қутбиддинов таҳти унвони «Матбуот – ҳамқадами замон» аз чоп баромад.

Дар ин китоб муҳаққиқ ба роҳи беш аз 400-солаи рушди матбуот, ҳамчун шакли классики ВАО, ба таври фарох назар карда, хонандаро зина ба зина ба марҳилаҳои рушди он, инчунин проблемаву муаммои матбуоти даврӣ дар шароити феълӣ ошно мегардонад. Муаллиф дар заминаи ин омўзиш ба хулосае меояд, ки матбуот «дар инкишофу таҳаввули афкори иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи башарӣ нақш бозида», хонанда тавассути он «фикр кардан, андеша рондан, ҷаҳонбиниро такмил додан, дар тасаввур ғунҷонидан, маърифат кардан ва дурнаморо дида тавонистанро омўхт». Маҳаки ин таҳқиқоти арзишмандро чунин мазмун дар бар мегирад, ки «қатъи назар аз таназзули баъзе омилҳои мусбати инкишоф (оҷилият, фаврият, рӯзмаррагӣ)», «матбуоти даврӣ бо заминаҳои инкишофи таърихии худ рисолати ҷамъиятиашро аз даст додан намехоҳад».

Китоби «Матбуот – ҳамқадами замон» дар нашриёти «Аржанг» ба табъ расида, он барои алоқамандони матбуот, пажуҳишгарон ва устодону донишҷўёни факултаву шўъбаҳои журналистии мамлакат маълумоти фаровони илмӣ дода метавонад.

Зоириён Бахтиёр

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE