Муҳимияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар фасли сармо

Тибқи гуфтаҳои Роҳбари муассисаи байналмилалии саломатӣ ва омузишӣ дар ИМА доктр  Ораш Алоӣ 85 фоизи гирифторони COVID-19 ба табобат ниёз надоранд. Бо вуҷуди ин, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки хеле одӣ ва дастрасанд,  барои ҳама ҳатмист. Танҳо дар ҳамин ҳолат шиддати беморӣ хеле поён хоҳад рафт. Тавре ӯ дар ин хусус илова кард:

“Истифода кардан аз ниқоб барои беҳбудии саломатии инсон нақши муҳим дорад ва шаҳрвандон бояд дар ин ҷода аз эҳтиёт кор бигиранд. Яъне бо ин роҳ метавон заррае барои беҳбудии саломатии худу дигарон замина гузошт!

Шумораи беморон ва гирифторшавӣ ба беморӣ зиёд нест ва тарсу таҳлука низ ба назар намерасад, ки ин хуб аст» – илова намуд ӯ. Аммо бо вуҷуди ин Ораш Алоӣ риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар фасли сармо муҳим ва ҳатмӣ медонад, зеро дар сурати беэътиноӣ ба он эҳтимол аст, ки баъзе аз мушкилиҳо ба вуҷуд оянд.

Роҳбари муассисаи ҷаҳонии саломатӣ ва омузишӣ дар ИМА доктор  Ораш Алоӣ мегӯяд, ки ҳар рӯз асал, лиму, қурут ва чакка истеъмол намудан масунияти баданро тақвият мебахшад. Ин муҳимтарин табобати коронавирус дар шароити хона дар ҳоли ҳозир ба шумор меравад, зеро доруи асосии зидди коронавирус ин масунияти қавист.

Роҳбари муассисаи ҷаҳонии саломатӣ ва омузишӣ дар ИМА доктор Ораш Алоӣ дар анҷоми сӯҳбат иброз дошт, ки нисбат ба ояндаи ҷомеаи башарӣ дар алоқамандӣ ба ин беморӣ некбин аст. «Пас аз як соли дигар ин беморӣ аз байн хоҳад рафт, албатта, агар мо ба иштибоҳҳои дигар роҳ надиҳем, ба ҳангомаҳо бовар накунем ва тавсияҳои беҳдоштиро риоя намоем», – мегӯяд Ораш Алоӣ.

Дар воқеъ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки мутахассисони соҳаи тиб муайян намудаанд, ҷиҳати солимии мо ва пешгирӣ аз бемории фарогири коронавирус муфид ҳастанд ва махсусан риояи дурусти он дар фасли сармо имкон медиҳад, ки мо худ ва наздикону атрофиёнамонро аз хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар амон нигоҳ дорем.

 

Умеда Холова

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE