Амалигардии супоришҳои Паёми Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода
Кормандони мақомоти суди шаҳри Турсунзода фаъолияти худро дар асоси дастуру сопоришҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси олии мамлакат ба роҳ монда давоми соли ҷорӣ, дар самти таъмини адолати судӣ ва боло бардоштани маърифати ҳукуқии ҷомеа ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд. Гузориши ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода дар ин хусус:
Таъмини адолати судӣ дар ин замина боло бардоштани мақоми ин шохаи ҳокимият дар ҷомеа, аз масъалаҳое будаанд, ки дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат дар ин замина таъкид ва назди кормандони ин шоха масъулият вогузошташудаанд. Раҳиҷон Вализода-муовини раиси суди ш.Турсунзода мегӯяд , дар асоси ин банди паёми Сарвари давлат, аз ҷониби суди мазкур, нақшаи корӣ қабул гардида, дар ин замина давоми соли ҷорӣ як қатор чораҳои амалӣ ба иҷро расонида шудааст.
Дар баробари дигар қонунҳои амалкунанда, иҷрои ҳатмии қонунҳои ЧТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти суди шаҳри Турсунзода дар мадди назар қарор дошта, дар ин самт миёни шаҳрвандон пайваста корҳои тавзеҳотӣ роҳандозӣ мешаванд. Ба боварии муовини аввали раиси суди ш. Турсунзода Раҳиҷон Вализода-маҳз корҳои таблиғотӣ ва ташкили судҳои сайёр дар маҳалҳо буд, ки дар риояи ҳатмии ин санадҳои ҳуқуқи дар шаҳр мусоидат намудааст.
Ба маълумоти масъулини суди шаҳри Турсунзода нисбат ба дигар иттиҳомот дар соли ҷори ҷинояткори миёни ноболиғон аз ҷумлаи ғоратгарӣ дар ин шаҳр боло гирифтааст, ки ин равандро онҳо аз беитиноии падару модар ва аз назорат дур мондаи фарзандон арзёбӣ мекунанд. Раҳиҷон Вализода-муовини раиси суди ш. Турсунзода бар он назараст, ки робитаи мақомот бо дигар сохторҳо ва ҷомеа метавонад дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ натиҷаовар бошад.
Ба маълумоти масъулини мақомот дар ин давра судияҳои суди шаҳри Турсунзода тавонистаанд, ба василаи корҳои фаҳмонадиҳию судҳои сайёр беш аз 50 оиларо аз пошхӯрӣ пешгирӣ ва дубора барқарор намуда, ба ин васила даҳҳо наврасон имкон пайдо карданд,то дар муҳити оила ба тарбия фаро гирифта шаванд. Кормандони суди шаҳри Турсунзода мегӯяд, барои расидан ба ҳадафҳои дар пешистода ва иҷроиши ҳатмии қонунҳои амалкунада, пеширӣ аз ҷинояткорӣ ният доранд дар оянда, робитаро бо тамоми қишрҳои ҷоме наздик намуда, корҳои таблиғотиро бозҳом васеътар ба роҳ монанд.
Тоҷиддин Сатторов
Садои Душанбе