Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозиро бо дастаи Узбекистон мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. 

14 феврал дастаи мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни гол ба анҷом расид.

Барои дастаи Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, бар дастаи ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Узбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) қувва  месанҷад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE