Дар шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Боғи шаршараи шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар кори он  Абдулло Раҳмонзода раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни колеҷу донишкада, муррабиёни варзиш ва дигар намояндагони мактабҳои варзишӣ ширкат намуданд.

Дар фестивали мазкур варзишгарону дӯстдорони бозиҳои миллӣ аз намуди гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, хурусҷанг, арғулчакбозӣ, бандкашӣ, шоҳмот, камонварӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, чиликдангал, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳои миллӣ иштирок намуда ҳунару маҳорати худро ба ҳозирин намоиш доданд.

Зимни сухани ифтитоҳии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Абдулло Раҳмонзода раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки мақсад аз ташкили чунин як ҳамоиши сатҳи олӣ ин пеш аз ҳама муаррифии фарҳангу таманнуд ва эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ мебошад.

Шоҳмот ва шашка ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон  ва баланд бардоштани маҳорати зеҳнии шоҳмоту шашкабозон мебошад, ки яке аз беҳтарин бозии миллии варзишӣ аст.

Бояд инро ҳам хотирнишон намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин як фестивали сатҳи олӣ ин пеш аз ҳама ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш, тарбияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад. Дар охири ин фестивал аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафароне ки дар ин бозии миллӣ чусту чолокиро нишон доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE