Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи автоэлектромобилҳои ширкати чинии “Jac Motors” баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи автоэлектромобилҳои ширкати чинии “Jac Motors” баргузор гардид. Дар кори он Сафири Ҷумҳурии халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дзи Шу Мин ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро  иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро дар суханронии хеш аз оғози фаъолияти ширкати “Jac Motors” хушнудӣ намуда зикр дошт:

“Аввалин маротиба аст, ки ширкати “Jac Motors” намояндагии худро дар пойтахти  Тоҷикистон шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Ин руйдод ба татбиқи барномаи Маҷмуавии рушди нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  замина фароҳам меорад. Ҷиҳати татбиқи ҳамин барнома мо ба як қатор ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин. Ширкати “Jac Motors” беш аз 50 сол аст, ки дар истеҳсоли автобусҳо, нақлиётҳои боркашонӣ ва автомобилҳои сабукрав дар бозори ҷаҳон таҷрибаи бой дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад бо ҳамкории Чин минбаъд истеҳсоли чунин мошинҳоро ба роҳ монад”.

Дзи Шу Мин зимни сухани ифтитоҳи худ аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ибрози назар намуда, ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро иброз намуд ва вохӯриҳои сарони давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷин Пин-ро заминаи мувафақиятҳои дуҷониба унвон карда дар идома афзуд:

“Ман хеле хушҳшолам ки дар ифтитоҳи ин намоишгоҳи автоэлектромобилҳои ширкати “Jac Motors” дар шаҳри Душанбе иштирок дорам. Ба ҳамагон мусаллам аст, ки имрӯзҳо рушди соҳаи мошинсозӣ ба як инқилоби техникӣ табдил ёфтааст ва бо таваҷҷуҳ ба зиёд гардидани талабот ба нақлиёти барқӣ ширкати мо тасмим гирифтааст, ки намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд. Раванди истеҳсоли автоэлектромобилҳо аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ барои ҷомеаи башар хеле муҳим арзёбӣ мегардад”.

Суҳроб Ширинов намояндаи ширкати “Jac Motors” дар Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо зикр намуд, ки имрӯз дар ин намоишгоҳ 11 намуд автоэлектромобилҳо ба маразӣ тамошо гузошта шудааст.

Бояд инро ҳам хотирнишон намуд, ки зери тамғаи JAC мошинҳои борбардори аз 1 то 10 тонна гидротроллейбусҳо, мошинҳои сабукрав, мошинҳои боркаш, самосвалҳо, бетонрезҳо, инчунин нақлиёти мусофирбари  автобус ки  аз 6 то 12 метр дарозӣ дорад, истеҳсол мекунад. Ширкат мустақилона ҷузъҳои асосӣ ва ҷузъҳои мошинҳои боркашро низ истеҳсол мекунад.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE