Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳушдор медиҳад
3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 4-6 апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад. Бар асари боришоти шадид чунин ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд: эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард, дар сурати вайрон шудани обравҳои заҳбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин, қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.
Илова бар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо ва иншооти таблиғотиву рекламаҳо шавад.
Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ва истодан зери хатҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед.
Кумита аз сокинон ҳамчунин хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя карда, дар чунин рӯзҳои сербориш аз рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо барои ҷамъоварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон Кумита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар ҳолати пеш омадани ин ё он вазъияти фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.