Дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ карда шуд

 Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок  мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтар намудани кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони  Корея муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегирад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE