Дар Аргентина шумораи рекордии фавт аз вараҷаи денге ба қайд гирифта шудааст

Аз аввали сол дар Аргентина беш аз 30 нафар бар асари табларзаи денге фавтид, ки шумораи баландтарин барои ҳама гуна бақайдгирии авҷи беморӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе рӯзномаи «Clarin» хабар додааст.

Мувофиқи иттилои манбаъ, имсол дар Аргентина дар маҷмуъ 32 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама бештар аз ин беморӣ дар музофоти Салта ва Тукуман зарар дидаанд, ки мутаносибан 10 ва 8 нафар аз табларза фавтидаанд.

То 7 апрел теъдоди мубталоёни бемории денге аз 28 ҳазор гузашт. То ин сол ҷиддитарин ҳодиса дар таърихи Аргентина хуруҷи  соли 2020 маҳсуб мешуд, ки 26 нафар аз ин беморӣ фавтида, қариб 60 ҳазор нафар ба он мубтало шуд.

Денге – инфексияи вирусие мебошад, ки дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ маъмул аст. Нишонаҳои он ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ, зуком, дарди сар ва камар мебошанд. Намуди геморрагии вараҷа ба хунравии шадиди дохилӣ, ки аз фурӯпошии рагҳои хун ба вуҷуд меояд, ҳамроҳ мешавад. Вирусро хомӯшакҳои навъи Aedes aegypti паҳн менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE