Зас: Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон 2,5 ҳазор нафар хоҳанд буд
Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон ҳудуди 2,5 ҳазор нафар хоҳанд буд. Агар зарур бошад, шумораи онхоро зиёд кардан мумкин аст. Дар ин бора Дабири кулли созмон Станислав Зас хабар додааст
“Теъдоди умумии гурӯҳбандии нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ метавонад гуногун бошад. Ҳоло тибқи қарорҳои қабулшуда, ҳудуди 2500 нафар ҳастанд”, — гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА “Новости” рӯзи панҷшанбе-6 январ.
Ба гуфтаи Зас, дар сурати зарурат теъдоди онҳоро дар Қазоқистон афзоиш додан мумкин аст. “Мо рӯйхати тамоми воҳидҳо ва воҳидҳои ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дохилшударо дорем – тақрибан 3600 нафар. Аз ин рӯ, дар ҳолати зарурӣ мо гурӯҳҳоро дар Қазоқистон тақвият хоҳем дод”, – гуфтааст ӯ.