Сердар Бердимухамедов президенти Туркманистон шуд
Писари президенти феълии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов Сердар Бердимухамедов дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Дар ин бора сомонаи Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти комиссия, ӯ 72,97 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. «Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сердар Гурбонгулиевич Бердимухамедов <…> президенти интихобшудаи Туркманистон эътироф шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Интихоботи пеш аз муҳлати президенти Туркманистон 12 март баргузор шуд. Нуҳ номзад, ки аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон пешбарӣ шуда буданд, ба мақоми олии давлатӣ даъво доштанд. Рақибони Сердар Бердимухамедов дар маҷмӯъ 27,03 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Натиҷаи беҳтарро ноиби ректори Институти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Туркманистон Хидир Нуннаев, ки 11,09 дарсади овозҳоро гирифтааст, ба даст овард.
Маросими савгандёдкунии президенти нав 19 март баргузор мешавад.