Табибони тоҷик бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ такмили ихтисос менамоянд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар се моҳи соли равон 5 нафар табибони кардиоревматолог, 4 нафар пулмонолог, 2 нафар гематолог аз курсҳои аввали такмили ихтисос дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ гузашта, айни ҳол 6 нафар духтурони неонатолог бо мақсади бозомӯзӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон қарор доранд, хабар доданд дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор шуд.

Дар ҷаласаи мазкур иброз гардид, ки аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ давоми 6 рӯз ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон, муассисаҳои таваллудии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҷмўъ барои 110 нафар табибони акушер – гинеколог, неонатолог, момодоя ва ҳамшираҳои тиббии навзодон давраи омўзишӣ дар мавзӯи «Нигоҳубини самараноки перинаталӣ» гузаронида шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE