Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд

Президенти ИМА Ҷо Байден иброз дошт, ки бори дуюм номзадии худро ба мақоми президент дар интихоботи соли 2024 пешниҳод менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Би-Би-Си хабар додааст.

Ин қарори худро ӯ бо нашри навори седақиқагӣ, ки бо калимаи «озодӣ» оғоз мегардад, эълон доштааст. Дар он Байден иброз доштааст, ки ҳуқуқ ба исқоти ҳамл, ҳифзи демократия ва ҳуқуқҳои интихоботӣ, кафолати иҷтимоии амрикоиҳо масъалаҳои муҳимтарини маъракаи пешазинтихоботии ӯ ба шумор мераванд.

Байден гуфт, ки интихобкунандагон ихтиёр доранд, ки ба насли оянда «ҳуқуқ ва озодиҳои бештар ва ё камтар» гузоранд ва илова кард, ки «ҳар насли амрикоӣ лаҳзаеро аз сар гузаронидааст, ки зарур буд аз демократия, ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқи овоздиҳӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дифоъ намояд ва ҳоло мо дар рӯ ба рӯи чунин ҳолат қарор дорем».

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE