БОЙМУРОД ШАРИФЗОДА: ДОВТАЛАБОНРО ГОҲҲО БЕШТАР АЗ ЯК СОАТ ҲАМ МЕШУНАВЕМ

Рӯзҳои охир Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” ба иди воқеии китоб табдил ёфтааст, зеро ба он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дӯстдорони мутолиа  ҷамъ омадаанд, то донишҳои андӯхтаи хешро ба ҳакамон пешниҳод намоянд. Масъулини озмун барои довталабон ва ҳакамону волидон шароити беҳтарин муҳайё кардаанд.  Ба қавли аъзои ҳакамон, зимни озмун чеҳраҳое пайдо мешаванд, ки бо нутқи буррову андешаҳои созанда қалбҳоро тасхир месозанд, вале акси ин ҳолат низ ҷой дорад. Ҳастанд нафароне, ки дар бораи асари хондаашон сухан ронда  наметавонанд, шояд аз ҳаяҷон чизе гуфта наметавонанд ё тасодуфан ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, вале ин ҳама аз назари ҳакамон дур намемонад.

Дар рӯзи чоруми озмун бо роҳбари гурӯҳи  ҳакамон аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик Боймурод Шарифзода суҳбат кардем. Мавсуф гуфт, ки «озмуни имсола тобиши дигар дорад, довталабон ба он бо ҷиддият омадаанд. Рӯзи аввали озмун бо шунидани довталабон аз вилоятҳои Бадахшону Суғд сипарӣ шуд. Дар рӯзи сеюм намояндагони вилояти Хатлонро шунидем. Шояд имрӯз ва фардо низ намояндагони ин вилоятро шунавем».

Ба иттилои Боймурод Шарифзода, аз вилояти Бадахшон ду нафар дар номинатсияи мазкур ширкат варзиданд. «Намояндагони вилояти Суғд хеле фаъол буданд, барои мисол як хонандаи синфи 7 беш аз 76 повест, 36 роман, 1000 –ҳо байтҳоро аз ёд кардааст. Як нафаре, ки ҳамагӣ 12 сол дорад ва дар сатҳи маърифати ӯ дарк намудани ин миқдор осор хеле гарон аст, аммо чунин аст. Мо бо ӯ суҳбат кардем, санҷидем ва ба суолҳои мо хеле посухҳои мушаххас дод»,- гуфт Боймурод Шарифзода. Ба андешаи ӯ, омодагии довталабон аз вилояти Хатлон нисбатан сусттар аст. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё бо низомномаи озмун шинос нестанд. Бо вуҷуди ин озмун дар сатҳи хуб ҷараён дорад.

Натиҷаи 3 рӯзи озмун нишон дод, ки баъзе довталабон рӯйхати адабиётҳои зиёдеро пешниҳод кардаанд, вале ҳангоми пурсиш лаҳзаҳои асар ё  қаҳрамонҳои асарро намедонанд. Ба гуфтаи Боймурод Шарифзода, ин гурӯҳ довталабон шояд мазмуни асарро аз куҷое шунидаанд ё аз китобҳои таърихи адабиёт  таҳлили мундариҷавии онро хондаву мехоҳанд дар инҷо баромад кунанд. Аъзои ҳакамон ба ин чизҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва ба хотири шаффофоияти озмун ва пайдо кардани чеҳраҳои воқеии китобхону  суханвар ҳар довталабро бештар аз як соат пурсуҷӯ мекунанд.

Роҳбари гурӯҳи ҳакамон аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик мегӯяд, ки «омӯзгороне, ки дар мактабҳои миёна ба таълиму тадрис машғуланд, бояд худ огоҳ бошанд, худашон асарҳои бадеиро мутолиа кунанд ва асарҳоеро ба шогирдон тавсия диҳанд, ки хеле арзишманданд. Зеро дар озмун баъзе довталабон дар рӯйхати асарҳои мутолиакардаашон аз адибони асили  адабиёти муосири тоҷик чизе наовардаанд. Онҳо асарҳоеро хондаанд, ки дар даст доштаанд, бештари асарҳои хондаашон асарҳои адибони маҳаллист, адибонест, ки дар ҷумҳурӣ онҳоро хеле кам мешиносанд ё шояд намешиносанд. Бояд омӯзгорони макатбҳо пеш аз он, ки шогирдонашонро ба озмун мефиристанд, бо онҳо ҷиддӣ  кор кунанд, худашон китобҳои зиёд хонанд,  пурсиш кунанд ва баъд ба озмун фиристанд», – гуфт мавсуф.

Мавриди зикр аст, ки то соати 10:00-и рӯзи чоруми озмун дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик аъзои ҳакамон 27 нафарро шуниданд, ки намояндагони вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон мебошанд. Дар маҷмӯъ, аз рӯйи  номинатсияи мазкур 62 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE