Имрӯз дар фазои тантанавӣ тақрибан 400 нафар хатмкунандагони ДМТ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Имрӯз, 29 апрел дар фазои тантанавӣ тақрибан 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ҷавонон  бо руҳи болида ва ҳисси ифтихор дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин теъдоди ихтиёриён 2-3 маротиба нисбат ба соли гузашта бештар аст. Дар ин маърака саҳми  ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода махсус мебошад. Суҳбатҳои  алоҳидаву озоди ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон боис гардид, ки сафи онҳо ба маротиб имсол афзояд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ин теъдоди рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Як қисми хатмкунандагон дар даъвати тирамоҳӣ хизмати ватанро адо хоҳанд кард.

Ҳуқуқшинос, журналист, иқтисодчӣ, биолог, дипломат, таърихчӣ, филолог, физик, химик, геолог, математик ва дигар соҳибихтисосҳо, ки имрӯз ба хидмати ҳарбӣ мераванд, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбу зиндагӣ мегузоранд.

Таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва мардонагии ҳар ҷавонмард буда, онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE