Коршиносон ҳарорати рекордии панҷ соли ояндаро пешгӯӣ мекунанд

Дар панҷ соли оянда ҳарорати ҳаво дар сайёра бинобар партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди падидаи табиии Эл — Нино эҳтимол ба сатҳи рекордӣ боло равад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хабар додааст.

Мувофиқи баҳогузории он, эҳтимоли 66-фоиза мавҷуд аст, ки афзоиши миёнаи солонаи ҳарорати ҷаҳонӣ муваққатан то 1,5 °C болотар аз сатҳи пеш аз саноатӣ афзоиш ёбад.

Эҳтимоли он ки яке аз панҷ соли оянда гармтарин дар таърихи мушоҳида хоҳад шуд, 98%-ро ташкил медиҳад.

Сатҳи муқаррарнамудаи созишномаи Париж — 1,5 °C ба гармшавии дарозмуддат тааллуқ дорад, аммо интизор меравад, ки солҳои алоҳида нишондиҳандаҳои баландтар бо афзоиши мунтазамӣ бо сабаби наздик шудани ҳарорати ҷаҳонӣ ба ин мафҳуми мутаносиб мушоҳида карда шавад.

Онҳо диққатро ба он ҷалб мекунанд, ки дар зарфи 50 соли охир шумораи фалокатҳои вобаста ба иқлим 5 баробар афзудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE