Маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор шуд

Дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими бошукуҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» баргузор гардид. Дар ин хусус дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросим роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон, кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи пойтахт ташкил гардида, дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе», ки тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидаанд, баргузор карда шуд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе» ба имзо расид. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи он аз 26 май то 1 июни соли 2023 дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» эълон гардидааст.

«Илова бар ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорию навоварӣ, ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон аз 23 то 28 майи соли 2023 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе низ эълон карда шудааст», — гуфта шуд зимни чорабинӣ.


Тазаккур дода шуд, ки дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» чорабиниву озмунҳои гуногуни зеҳнӣ, аз қабили озмуни «Барномасозӣ», озмуни расми беҳтарин, озмуни беҳтарин эссе, Форуми наврасону ҷавонон оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионӣ ва конференсияи илмӣ-эҷодии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавзуи «Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар шаҳри Душанбе» ташкилу гузаронида шуд, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагону омӯзгорон ҷалб карда шуд.

Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе ва дар ин замина мусоидат кардан дар рушди маънавию зеҳнӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати такомул додани завқу истеъдод, тарбияи фарҳангиву эстетикӣ, ҷалб намудани насли наврас ба корҳои эҷодиву ҳунарӣ ва фарогирии онҳо дар вақти холигӣ ба корҳои муфид гузаронида шуда, соли равон он ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2025 доир карда шуд.

Гуфта шуд, ки Фестивали мазкур моҳҳои феврал – майи соли равон дар се давра байни хонандагони синфҳои 1 — 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи шартҳои «Ровиён», «Суруди якка», «Рақси якка», «Рақси гурӯҳӣ», «Хорсароӣ», «Навозандагӣ», «Маҳорати актёрӣ» ва ғайра доир карда шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба таври бошукуҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE