Ташрифи​ Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ ба Суғд

Шоми 8 июн Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳайати меҳмононро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни суҳбати самимӣ​ ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз муштаракоти фарҳангӣ изҳор дошт, ки бо сиёсати оқилонаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва​ Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ҳамкорӣ​ дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу ҳунар, иқтисоду савдо тақвият ёфта, муносибатҳои дӯстона дар сатҳи олӣ қарор дорад. Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд аз минтақаҳои рушдкардаи Тоҷикистон буда, омода аст бо тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориро густариш бахшад.

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ бо сипос аз истиқболи самимӣ бар тақвияти муносиботи дӯстона ишорат кард ва омодагии кишварашро барои рушди ҳамкориҳо изҳор дошт.

Ёдовар мешавем, ки​ Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ зимни сафар ба вилоят аз минтақаҳои фарҳангиву сайёҳӣ боздид мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE