ФУТБОЛ. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳамсолони худ аз Тайланд 10 июн дар маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp» дар Бангкок бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) бозӣ мекунад. Дастаи мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронад.

Бозии дӯстона
10 июн (шанбе)

Оғоз – соати 17:00 ба вақти Душанбе

Таиланд (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17)

Бангкок, маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE