Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Корея
20 июни соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷӣ Бек Ҷуҳюн баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.