Муовинони вазирони фарҳанги Тоҷикистону Россия мулоқот карданд
7 июли соли равон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазари фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Александровна Преподобная таҳти унвони “Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост!” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Нахуст меҳмонон аз утоқҳои дастхатҳо, китобҳои қадимаи адибони классики тоҷику форс дидан намуда, бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошноӣ пайдо карданд.
Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона сурат гирифта, вобаста ба ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Надежда Александровна Преподобная ҷиҳати пазироии самимона, муҳаббату ихлоси беандоза изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи беназир ва боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо арзёбӣ намуд.
Дар поёни вохӯрӣ чун анъанаи тоҷикона ба меҳмон тӯҳфаи хотиравӣ, намуна аз санъати қадимаи халқи тоҷик “Кундал” тақдим гардид.