Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази саломатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Маркази саломатии Чоргултеппа аз ҷониби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ навсозӣ гардида, бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешавад. Маркази саломатии мазкур дорои 20 ҳуҷраи табобатӣ буда, дар он 5 нафар табибони соҳибтаҷриба ба аҳолии ин ҷамоат хизмати аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Ҳамчунин майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Валиҷон Одинаев бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ба истифода дода шуд.

Айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 6 адад бунгоҳҳои тиббии деҳот идома дорад. Инчунин бо дастгирии лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 10 Маркази саломатии деҳот бо таъмири пурра фаро гирифта мешавад.

Тибқи нақша, соли 2023 корҳои сохтмонии 2 адад марказҳои саломатӣ ба анҷом расида, пас аз таъмири пурра бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешаванд.

АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE