«IRS» барои мавсими имсола 30 ҳазор тонна асфалтро истифода менамояд

Дар мавсими имсола Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  барои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Чаноқ зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт истифода  намояд, хабар медиҳад Ширкати «IRS».

Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми фаъолият Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру навсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 250 ҳазор  тонна асфалт истифода  намудааст.

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст.

Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон  ва Суғд таъмири роҳ шуруъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, корхонаҳои истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар ин самт нақши  назаррас доранд.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE