БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед 15 июли соли равон аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилояи Хатлон дидан намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуотии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ ва ҳамзамон боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар қатори дигар манотиқи кишвар дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Гуруҳи кории вазорат бо рафти корҳои сохтмонии шӯъбаи сироятии ноҳияи Ховалинг, Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон дидан намуда, бо рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ шинос шуданд.
Аснои боздид маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои номбурда вусъати тоза касб намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки сохтмони муассисаҳои тандурустӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар идома гурӯҳи корӣ бо рафти табобати як қатор беморон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои мазкур шинос шуда, аз онҳо доир ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ дар ин ноҳияҳо як қатор масъалаҳоро, аз қабили вазъи таъминоти кадрӣ, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ, раванди корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳоро бо масъулини соҳа баррасӣ намуд.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.