Корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ карда мешавад

Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар Ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда буд, вале бо сабаби фарсуда шудани дастгоҳҳо муддате аз кор монд.

Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона пурра ба анҷом расида, дастгоҳҳои наву замонавӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харида шудаанд, насб гардидаанд. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар корхона беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Баъди ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад, ки иқтидори истеҳсолии он қариб 20 млн дона хишт дар як сол мебошад.

Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона аз Чин таҷҳизоти нав харидааст.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2023) навсозӣ карда мешавад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE