«САЛОМАТИИ МИЛЛАТ – БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ» Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар бораи татбиқи барномаҳои солимгардонӣ дар пойтахт

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Ба ин муносибат муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума МУИНӢ доир ба тадбирҳо ва барномаҳои солимгардонӣ дар пойтахти мамлакат дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин изҳор доштааст:

Тараққиёти ҷомеаи мутамаддин ба рушд ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вобаста мебошад. Ин масъалаи муҳим дар меҳвари сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дошта, ҳифзи он афзалият ва эътибори аввалиндараҷаро касб намудааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ бозсозии амиқ оғоз гардида, ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ карда мешавад.

Дар натиҷа имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушду таҳкими кумаки аввалияи тиббиву санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фармасевтӣ муҳайё карда шудаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Саломатии миллат – боигарии асосии давлат аст». Сарвари давлат пайваста ба масъалаҳои ҳифзи тандурустии ҷомеа ва таъмини солимии инсон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рушди фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ барномаҳои давлатиро ба тасвиб расонидаанд.

Баҳри амалигардонии барномаҳои соҳаи тандурустӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста чорабиниҳои дахлдор татбиқ карда мешавад. Дар ин замина давоми нимсолаи якуми соли 2021 бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе панҷ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст.

Аз ҷумла,

  1. қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2021, №64 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  2. қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 майи соли 2021, №266 “Оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  3. қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2021, №270 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  4. қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2021, №329 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ва
  5. қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2021, №330 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”,

Дар ҳошияи амалӣ гардидани барномаҳои мазкур аз ҷониби масъулини бахши тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми соли ҷорӣ баҳри ҳифзи саломатии инсон ва рушди хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, ташхис, бистаринамоӣ ва муолиҷаи шаҳрвандони кишвар корҳои муайян иҷро гардидааст.

Яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти тандурустии шаҳр фарогирии аҳли ҷомеа бо ташхиси вируси норасоии масунияти одам мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар доираи иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” шумораи ташхисшудагон дар пойтахт 94 166 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2020 55 628 нафар ё 59 фоиз зиёд мебошад. Аввалин маротиба табобати гепатити вирусии С дар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба таври ройгон роҳандозӣ ва 113 нафар гирифторони ВНМО ва гепатити вирусии С ба табобати гепатити С фаро гирифта шуд. Бори нахуст озмоиш оид ба муайянсозии миқдори вирусҳои гепатити вирусии В ва С дар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба таври ройгон оғоз карда шуд.

Бо татбиқи барнома имкон фароҳам омад, ки харидории тестҳо барои занони ҳомиладор ва шахсони никоҳшаванда доир ба ташхиси ВНМО пурра аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ амалӣ гардад, 85 фоизи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда таҳти назорати диспансерӣ ва 79 фоизи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуданд. Табобати занони ҳомиладори мубталои сирояти ВНМО  ба 100 фоиз баробар гардида, кӯдакони аз чунин модарон таваллудшуда бо ғизои алтернативӣ ва ивазкунандаи шири модар таъмин гардиданд.

Низоми ҳамгироии пешниҳоди хизматрасониҳои тиббию санитарӣ оид ба сирояти ВНМО дар сатҳи муассисаҳои бистаринамоӣ пурра ҷорӣ карда шуд. Дар 15 марказҳои саломатии шаҳрӣ 1134 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, аз ҷумла 259 нафар кӯдакони то 18 сола ба назорат ва табобат фарогир шуда, 127217 нафари занони қобили таваллуд бо маводҳои контрасептивӣ таъмин гардиданд.

Доир ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар доираи иҷрои барномаи давлатии қабулгардида чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, муоинаҳои рентгенологӣ, санҷиши Диаскин тест, санҷиши балғам бо усулҳои микроскопӣ ва GeneXpert барои алоқамандони бемории сил ва аҳолии осебпазир ба таври ройгон бо роҳ монда шуда, дар ин замина 41306 нафар аз муоинаи флюорографӣ ва 1900 адад рентгенографияи рақамии қафаси сина гузаронида шуд.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 9 ҳодисаи бемории якҷояи сил/ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Тамоми беморон, ки бо ташхиси бемории фаъоли сил ба қайд гирифта мешаванд бо пуррагӣ аз ташхиси ройгони сирояти ВНМО ва гепатитҳои вирусӣ гузаронида мешаванд.

Дар ин давра ташхисҳои зарурӣ ба маблағи 150 507 сомонӣ барои муайян кардани таъсиротҳои номатлуби доруҳои зиддисилӣ ва назорати рафти табобати беморон бо таври ройгон гузаронида шуд.

Дар ин давра ба 159 нафар беморони сил ба маблағи 138311 сомонӣ кумак дар шакли маводҳои ғизоӣ ва пулӣ расонида шуда, 10 семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони миёнаи тиб, табибони оилавӣ ва силшиносон дар мавзӯҳои “Усулҳои ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирикунандаи бемории сил ва шаклҳои ба доруҳо устуворгаштаи он” гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 4000 маводҳои иттилоотӣ миёни сокинони шаҳр ҷиҳати ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил тақсим карда шуд.

Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бахусус пешгирии нишонаҳои гулафшони модарзодӣ, бемории гулӯзиндонак, паст намудани сатҳи бемории кабудсулфа, пешгирии сироятёбии гепатити В байни кӯдакони хурдсол дар доираи татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2021-2025 чораҳои муҳим амалӣ шуда, баҳри такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб, ки ба иммунизатсия вобаста мебошанд як қатор корҳо иҷро гардиданд.

Дар ин давра бо иштироки 158 нафар кормандони тиб, аз он ҷумла эпидемиологҳо, асабшиносон, табибони оилавӣ ва сироятшиносон семинарҳои омӯзишӣ оид ба гузаронидани назорати эпидемиологӣ аз рӯи ҳодисаҳои фалаҷи шадиди суст ва “Дастурамали миллӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия бавуқӯъомада” гузаронида шуд.

Муассисаҳои тиббию профилактикии шаҳр барои беҳтар намудани системаи хунукитаъминкунанда бо яхдонҳои ҷавобгу ба стандарти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба нигаҳдории ваксинаҳо ва стабилизатор таъмин карда шуда, барои интиқоли ваксинаҳо ба миқдори 7 адад ҷузвдонҳои хунуки нигоҳдорандаи 1,7 литра, 60 адад термоконтейнери 7 литра, 20 адад термоконтейнерҳои 20 литра бо яхқуттиҳо таъмин карда шуданд.

Дар соли ҷорӣ муассисаҳои бистаринамоӣ ва таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба 276571 воя аз намудҳои ваксина, 145991 адад сӯзандорӯи 0,5, 15785 адад сӯзандорӯи 0,05, қуттиҳои мавҳи бехатар-1677 адад, шакли ҳисоботии №63-45000 адад, шиносномаи иммунизатсия кӯдакон-30000 адад, дафтари назорати ваксина ва сӯзандоруҳо -200 адад, дафтари қайди иммунизатсия-150 адад ва 170 адад доруқуттии садамавӣ оид ба гузаронидани иммунизатсияи зидди сирояти COVID-19 таъмин гардиданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба моҳияти иммунизатсия 51744 адад маводҳои иттилоотӣ омода карда шуда, тақсим карда шуд.

Дар ҳамин давра фарогирии кӯдакон ба иммунизатсияи зидди бемории фалаҷ 9159 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 8927 (96,5%) кӯдак дар таваллудхонаҳо ва 323 кӯдак (3,5%) дар марказҳои саломатӣ ташкил медиҳад.

Имрузҳо дар пойтахт иммунизатсия (эмгузаронӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 бо маром идома дошта, дар маҷмуъ 475 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксина фаро гирифта шуданд.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2020, №176 Комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе ва бо амри Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020, №105 Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID -19) таъсис ёфта, нақшаи корӣ низ тасдиқ карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати саривақтии бемориҳои сироятӣ ҳоло 2 муассисаи сатҳи бистаринамоӣ, 15 марказҳои саломатии шаҳрӣ ва 2 маркази ёрии таъҷилии тиббӣ бо фарогирии 1544 нафар табибон ва 2182 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.

Дар ин давра бо дастгирии Раиси шаҳр дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” озмоишгоҳи вирусологӣ ба фаъолият шуруъ намуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ ва нақлиёти санитарии нав таъмин карда шуд.

Давоми соли ҷорӣ дар 2529 иншооти гуногунтаъиноти пойтахт дар масоҳати 1 миллиону, 5  м2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, бо мақсади итилоотонии шаҳрвандон доир ба сирояти мазкур 76 баромадҳои телевизионӣ, 37 суҳбатҳои радиоӣ бо ҷалби мутахассисон ташкил гардидааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба эмгузаронӣ ҳоло 113 гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби 1336 нафар масъулини сохторҳои алоқаманди шаҳрӣ ташкил гардида, мунтазам бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар ин давра ба соҳаи тандурустӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе беш аз 8 млн. сомонӣ (8 млн. 651 549)  сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва аҳолии шаҳри Душанбе 9089 маротиба дарсҳои омӯзишӣ бо ҷалби 243272 нафар, 89555 маротиба суҳбату вохӯриҳо бо ҷалби 832346 нафар гузаронида шуда, 73 адад “Гӯшаи солим” дар ҷойҳои сераҳолӣ ва биноҳои муаасисаҳои тандурустӣ насб карда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра дар телевизонҳо 268 ва радио 108 баромадҳо бо иштироки мутахассисони соҳа ташкил гардида, 124 мақола дар рӯзнома ва маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.

Ҳоло дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 61 муассисаҳои табобатию пешгирӣ, бо фарогирии  3535 нафар табибон ва 6100 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд, ки аз онҳо 96 нафар номзади илм, 6 нафар доктори илмҳои тиб мебошанд.

Дар ин давра 586 нафар кормандони соҳа, аз ҷумла 295 табиб ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, 982 нафар (322 нафар табибон ва 686 нафар кормандони миёнаи тиб) дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин карда шуданд.

Айни замон дар 16 муассисаҳои табобатӣ 2749 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак 200 кат ташкил карда шудааст. Аз ин шумора 909 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд.

Дар шаш моҳи соли равон 44515 нафар беморон дар беморхонаҳои тандурустии тобеи мақомот бистарӣ шудаанд, ки аз онҳо 15085 нафар ё 34% сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои дар соҳаи тандурустӣ қабулшуда тамоюли беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, боло рафтани сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ ба мушоҳида мерасад.

Бе муболиға, имрӯз сокинони пойтахти мамлакатамон бо фароҳам омадани инфрасохтори зарурӣ ва шароити мусоиди ташхису табобат аз тамоми имкониятҳои соҳаи тандурустии кишвар баҳраманд мебошанд.

Таҷрибаву дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустии пойтахт тӯли солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи тандурустии пойтахт дорои иқтидори тавонои зеҳнӣ мебошад.

Маҳз бо иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҳамасола зиёд карда шуда, иншооти нави тиббӣ сохта мешаванд ва ҳамзамон бо ин, дар пойтахт муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мегарданд. Баҳри ҳавасмандгардонии кормандони соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмунҳои касбии соҳа “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” баргузор карда шуда, ғолибони он дар остонаи таҷлил аз Рӯзи пойтахт бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки саломатии ҷомеа танҳо аз як соҳаи муайян вобастагӣ надошта, он дар маҷмӯъ аз фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои алоҳида ва пеш аз ҳама сатҳи тафаккури шаҳрвандон низ алоқамандӣ дорад. Дар робита ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт фаъолияти густурдаи муштаракро роҳандозӣ намудааст.

Масъулини соҳаи тандурустии пойтахт минбаъд низ таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE