ДОКТОР АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ ДАР ДУШАНБЕ
Имрӯз ҳайати баландпояи Афғонистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Душанбе омад. Ба иттилои АМИТ «Ховар» субҳи имрӯз ин ҳайати расмиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки сафари ҳайати ҳукумати Афғонистон ба Душанбе ду рӯз идома хоҳад кард. Дар доираи ин сафар ҳайатҳои ду давлат таъсиси лоиҳаи дипломатии муштаракро барои таъмини раванди сулҳ дар минтақа баррасӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, дар доираи сафари кории худ ба кишвари мо имрӯз мулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоҳир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати коҳои хориҷии кишвар фардо ин меҳмони олиқадрро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.
Зимни мулоқотҳои имрӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва кишвари барои Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду давлат анҷом меёбад.