Чаро таҳкими тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон зарур аст?

 Наздики як сол аст, ки яке аз чолишҳои асосии иқтисоди ҷаҳон, муқобила бо паёмадҳои марбут ба пандемияи COVID-19 мебошад. Аз ибтидои пандемияи коронавирус кишварҳои мутараққӣ бо такя ба зарфиятҳои бузурги молии худ то андозае тавонистанд асароти манфии буҳронро коҳиш бидиҳанд, аммо кишварҳои рӯ ба рушд танҳо бо тақвияти ҳамкориҳои мутақобила метавонанд мушкилотро ҳал намоянд.

Дар шароити паҳншавии пандемияи короновирус зарурати истифодаи интернет ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаҳои асосии рушди тиҷорат барои доираҳои соҳибкорӣ ва кишварҳо ба ҷои аввал баромад. Яъне инсоният ба марҳилаи нави рушди рақамии муносибатҳои иқтисодӣ ворид шуд.

Бояд гуфт, ки пандемияи коронавирус раванди гузариш ба рақамикунонии ҷомеа, соҳибкорӣ ва тиҷоратро, ки тайи солҳои охир давом дорад, суръати тозае бахшид. Тоҷикистон низ ба унвони узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равнадҳо дар канор нест ва маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ба рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар баробари тоҷирон ва доираҳои соҳибкорӣ масъулини зиддахли сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ бо ҳадафи коҳиши асароти панедмия ба иқтисоди кишвар, барои рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон иқдомоте рӯи даст гирифтанд.

Қабл аз ҳама бо дарки аҳамияти вижаи тиҷорати электронӣ барои рушди иқтисоди кишвар дар шароити маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар назди ин ниҳод Шӯрои рушди тиҷорати электрониро таъсис додааст.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ҳадаф аз таъсиси ин Шӯро, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд шомил мешаванд, баррасии саривақтии масоили мубрами рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Манзура Рустамова ҷиҳати мусоидат ба рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 намоишгоҳи универсалии онлайнии “Made in Tajikistan” баргузор шуд.

Манзура Рустамова, муовини раиси
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон

Вай афзуд, ки дар ин намоишгоҳ беш аз 150 ширкати ватанӣ дар бахши саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ карданд. “Баргузории намоишгоҳҳои онлайнӣ талаботи рӯз буда, аз як сӯ барои содироти маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, ҷалби сармоя ва аз сӯи дигар ба рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар мусоидат мекунад”- иброз дошт, Манзура Рустамова.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, бо назардошти он кӣ Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рушди тиҷорати электронӣ қарор дорад, ҷиҳати танзими ин намуди тиҷорат зарур аст заминаи  меъёриву ҳуқуқии тиҷорати электронӣ такмил шавад.

Сарфи назар аз он ки дар барномаҳои мухталифи давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар ишора шудааст, аммо ба гуфтаи коршиносони соҳа дар ин замина таҳия ва қабули қонуни мушаххас дар кишвар зарур аст.

Зайдулло Наҷибуллоев мушовири миллии кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қонун “Дар бораи савдои электронӣ”  таҳия шуда, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахдори давлатӣ қарор дорад.

Зайдулло Наҷибуллоев

Ба гуфтаи Зайдулло Наҷибуллоев қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар заминаи тиҷорати электронӣ танзим намуда, манфиати қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро ҳимоят карда ва фаъолияти озоди тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон таъмин хоҳад кард.  Вай дар ин замина афзуд: Имрӯзҳо дар ҷаҳон ягон бозори босуръат рушдкунанда ва тавоное мавҷуд нест, ки бо савдои электронӣ муқоиса карда шавад. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин бо Корея ва Австралия, Сингапур бо Зеландияи Нав, Ҳиндустон ва Чин,  созишномаҳои дуҷониба ва чандҷонибаи тиҷорати электрониро бо ҳадафи афзоиш додани содироту воридот тавассути низомҳои тиҷорати электрониро, ба имзо расонидаанд”.

Ахиран ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки ширкатҳои хориҷии хизаматрасони интернетиро ба пардохти андоз дар ҷумҳурӣ уҳдадор мекунад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тағйирот дар парлумон гуфт, ки боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд.  Ӯ таъкид кард, бо рушди технология хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ  тавассути шабакаҳои интернет аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ зиёд шуда истодааст.

Тибқи  ин тағйирот, шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳали чунин хизматрасониҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф карда мешаванд. Ба гуфтаи коршиносони масоили иқтисодӣ соҳибкороне, ки фаъолияти худро ба навовариҳои ҷаҳонӣ имрӯз дар бахши тиҷорат, бахусус тиҷорати электронӣ  мутобиқ намекунанд, дар оянда метавонанд бозор ва ё муштариёни худро аз даст бидиҳанд.

Абдулло Қурбонов раҳбари яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки бо истифода аз фановариҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ  тавонистааст дар як муддати кутоҳ дар бозори хизматрасониҳои бонкии кишвар ҷойгоҳи хосаро касб кунад, мегӯяд, ки дар ҷаҳони имрӯз тиҷорати электронӣ барои рушди соҳибкорӣ нақши калидӣ дорад.  Вай дар ин замина мегӯяд: “…тиҷорати электронӣ барои пешбурди соҳибкорӣ хеле муҳим аст, барои он ки то рафт истифодабарандагон, харидорону мизоҷон бештар роҳҳои осонтару зудтари дасрасӣ ба хизматрасониҳоро  интихоб мекунанд. Торафт имкониятҳо барои харидорӣ кардан онлайн ва ғайринақдӣ зиёд мешавад. Дар навбати худ барои соҳибкорон муҳим аст, ки ҳамин имкониятҳоро ба мизоҷони худ пешниҳод кунанд ва он соҳибкороне, ки имрӯз ба ин таваҷҷуҳи бештар мекунанд, онҳо дар дарозмуддат муваффақтар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи бархе аз мутахассисон яке аз масъалаи муҳим барои рушди тиҷорати электронӣ, омода кардани мутахассисон барои тиҷорати электронӣ, вуҷуди зерсохтҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ, яъне интернети босуръат ва фарогирии дастрасии мардум ба ин хизматрасониҳо,  дониста мешавад.

Манзура Рустамова муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегуяд, дар ҳоли ҳозир яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳи рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар нархи гарон ва суръати кунди интернет дониста мешавад, аммо ба гуфтаи вай ба ҳар сурат ин мавзуъ ба анҷоми як пажуҳиши амиқ ниёз дорад.

Қобили зикр аст, тибқи маълумоти Ширкати пажӯҳишии SaaS Quantum Metric, дар давраи пандемия ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон 52 дарсад афзоиш ёфтааст. Тибқи пешгӯии коршиносон дар замони пандемия дар баъзе аз кишварҳои ИДМ талабот ба алоқаи овозӣ 15 фоиз, дастрасӣ ба интернети доимӣ 30 фоиз, интернети мобилӣ 10-15 фоиз зиёд мегардад ва бо гузашти замон  ин рақамҳо боз ҳам болотар мераванд. Бад ин тартиб бори дигар собит шуд, ки дар ҷаҳони имрӯз саноати телекоммуникатсия дар рушди тиҷорату соҳибкорӣ, муносибатҳои иқтисодии одамону кишварҳо аҳамияти муҳим дорад.

Шакли савтиро ин ҷо бишнавед:

Иқтисодшиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) пешбинӣ мекунанд, ки пандемияи коронавирус Инқилоби чоруми саноатиро суръат бахшида, ба рақамикунонии иқтисодиёт боис мегардад ва пайдоиши онлайн-иқтисодиёт ба миён меояд.

Бо назардошти ин мақомоти зиддахли Тоҷикистонро зарур аст, ки бо руи даст гирифтани иқдомоти мушаххас, аз ҷумла таҳия ва қабули санадҳои меёриву ҳуқуқӣ, барои ҳифзи субот ва рушди иқтисоди кишвар дар шароити таҳавулоти амиқ дар иқтисоди ҷаҳонӣ,  иқдом кунанд.

Дар ҳоли ҳозир омори дақиқ аз ҳаҷми гардиши тиҷорати электронӣ дар бозори Тоҷикистон мавҷуд нест, аммо  Бонки миллии Тоҷикистон омори ҳамаи пардохтҳои электронӣ дар кишварро нашр мекунад.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 37 миллиону 708 ҳазор адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 1 милларду 435 млн. сомонӣ гузаронида шуданд. Яъне дар давоми 5 соли охир маблағи пардохтҳои ғайринақдӣ 4,4 маротиба ва ҳиссаи онҳо ба андозаи 3,9 банди фоизӣ афзудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки  айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар техникаву технологияҳои муосир вобаста ба анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили терминалҳои электронӣ, пардохтҳо тавассути QR – рамзҳо, Интернет – бонкинг, бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва дигар намуди технологияҳои муосири пардохтӣ ба аҳолӣ пешниҳод мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аз ҷумла технологияи ҳамёнҳои электронӣ – яке аз тамоюлҳои нав дар низоми бонкии ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE