ОШКОРИ КОРОНАВИРУСИ НАВ ДАР ҶАҲОН

Дар Британияи Кабир шакли нави бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Хамзамон, ин гуна вирусро кишварҳои Нидерландия, Дания ва Австралия низ дар ҳудуди худ ошкор карданд.

Қаблан, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор дошта буд, ки дар робита ба ҳолати пайдо шудани шакли нави вирус бо ҳукумати Британия дар иртибот қарор дорад ва ваъда додааст, ки оид ба ин беморӣ ба ҷомеа маълумот хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ки коранавируси нав дар Шоҳигарии Британия нимаи моҳи декабр ба қайд гирифта шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод, ки  навъи SARS – CoY-2 нисбат ба ковиди маъмули зудтар паҳн гардида, он аллакай дар шаҳри Лондон бартарӣ пайдо кардааст.

Вазири тандурустии Британия Мэтт Ҳэнкок бо нигаронӣ гуфт, вазъи бемории нави аллакай аз назорати мақомот берун мешавад. Ин масъули соҳаи тибб илова кардааст, ки дар ҳоле ҳама бесаброна соли нави мелодиро интизоранд, бемори нав хеле зуд паҳн мешавад. “Аз ин рӯ, ҳукуматро зарур аст дар ин масъала қатъиян амал кунад”, – гуфт ӯ.

Вазир пешниҳод кардаст, ки то дастёбии ваксина чораҳои шадид дар ин самт якчанд моҳ бояд роҳандозӣ шаванд. Дар пайи ин тадбирандешиҳо Сарвазири Британия Барис Ҷонсон гуфтааст, ки ин навъи Ковид нисбат ба қаблӣ 70 дарсад бештар сирояткунанда аст. Дар робита ба вазъи кунунӣ, Ҷонсон дар Лондон ва минтақаҳои ҷанубу шарқии Англия ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои навро эълон дошт.

Шуруъ аз имруз Аргентина парвоз ва вуруди ҳавопаймоҳоро бо илати пайдо шудани вируси нав дар Британия бо ин кишвар манъ намуд. Дар ин бора ВКД – и ин кишвар иттилоъ додааст. Дар маълумотномаи ин ниҳоди Аргентина омадааст, ки ”шуруъ аз имрӯз бо қарори ҳукумат тамоми хатсарйҳои ҳавоӣ бо Британияи Кабир боз дошта хоҳад шуд”.

Қаблан, Шӯрои машваратии Британияи Кабир оид ба таҳдидҳои вирусҳои нав паҳншаванда, пайдо шудани шакли нави коронавирусро тасдиқ карда, аз аҳолӣ талаб кардааст, ки аз ҳарвақта дида бештар эҳтиёткор бошанд. Дар ин раванд ҳукумати Нидерландия шуруъ аз дирӯз ба хотири кашфи шакли нави Ковид дар Британияи Кабир қабули мусоифронро аз Лондон боз доштааст. Ин тасмими манъи парвозҳо аз Британяи Кабир ба ин кишвар, тибки  маълумоти пешакӣ то 1 январи соли 2021 идома меёбад.

Дар пайи ин маҳдудиятҳо Латвия, Финландия, Канада, Колумбия, Кипр, Марокаш ва дигар кишварҳо низ сарҳадҳои ҳавоию хушкии худро бо иллати сар задани коронавируси навъи нав дар Британия бо ин кишвар баста, шаҳрвандонашонро ҳушдор додаанд, ки ба коидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиддӣ риоя намуда, ҳамеша эхтиёткор бошанд.

Ба иттилои хабаргузории «Анадолу», дар баробари як қатор кишварҳои Аврупо Туркия ва Исроил низ қабули парвозҳо аз Британяро қатъ карданд. Арабистони Саъудӣ бошад, вуруди як ҳафтаина ба қаламрави ин кишварро баста, ҳамаи парвозҳои байналмилалиро дар ин муддат боз доштааст.

Доктори илмҳои биологии Донишгоҳи давлатии Маскав Алексей Аграновский изҳор доштааст, ки пайдо шудани шакли нави коронавирус дар Британияи Кабир масъалаи зарурати бастани сарҳад бо ин кишварро ба миён меорад. Ин коршиноси рус афзудааст, ки агар ин иттилоъ дуруст аст, эҳтимол ин ангеза барои Москав хатарнок хоҳад буд. Ба таъкиди ӯ, агар шакли нави ангеза ин қадар сирояткунанда бошад, аз эҳтимол дур нест, ки он то ба Маскав низ мерасад.

Ба назари ин вирусшинос имрӯз вақти он расидааст, ки Руссия худро аз ин давлатҳо ҷудо нигоҳ дорад. Аграновский афзудааст, ки ба эҳтимоли зиёд ин шакли нави коронавирус хосиятҳои худро тағйир намедиҳад ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи ваксинаҳои мавҷуда бар зидди он самаранок хоҳад буд.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE