Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷалолиддини Балхӣ доир мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳо доир мегардад. Намоиши шаҳри Хуҷанд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи Куруши Кабир ва намоиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30 фоиз арзонтар пешниҳод мешавад. Аз ҷумла, 1 кг картошка бо нархи аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, орд (50 кг) — 210 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»