Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе роҳҳои пойтахт маҳдуд мешаванд

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинони пойтахт мерасонад, санаи 13-уми июни соли 2021 аз соати 07:00 то 10:00 бинобар сабаби баргузории Дави байналмилалӣ бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2021, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт маҳдуд карда мешванд.

Тавре аз Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ  хабар доданд, ин маҳдудиятҳои дар кӯчаҳои И.Сомонии, хиёбони Ҳ.Шерозӣ, давродаври кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — А.Рӯдакӣ, хиёбони А.Рӯдакӣ то майдони И.Сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрандон ва ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар вақт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. Қоидаҳои харакат дар роҳҳоро риоя намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE