Бонги санҷишӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бонги санҷишӣ бо иштироки шаҳрвандони дар эҳтиёти хизмати ҳарбӣ қарордошта баргузор гардид. Дар кори он масъулони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи И.Сомонӣ иштирок намуданд.
Санҷиши ҳамаҷонибаи ҳолати омодабошӣ имкон дод, ки на танҳо сатҳи донишу малакаи ҳарбии шаҳрвандон, балки қобилияти мақомоти маҳаллӣ дар ташкил ва сафарбаркунии саривақтии эҳтиётӣ ба таври амалӣ санҷида шавад.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳои санҷишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳолати омодабошии шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Дар охири ҳамоиш ба як қатор афсарони дар эҳтиёт қарордошта рутбаи навбатии ҳарбӣ ва ба волидоне ки писаронашон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад, сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

