БОХТИ НАВРАСОНИ U-16-И КИШВАР АЗ ҲАМСОЛОНИ ЭРОНИИ ХУД
Дар доираи омодагии мунтахаби (U-16 ва U-19)-солаи кишвар ба мусобиқаҳои сатҳи осиёӣ, ки баргузориаш соли оянда дар минтақа дар назар дошта шудааст, имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дидори дӯстонаи мунтахаби (U-16) Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Эрон баргузор гардид. Рақобати мазкур ҷолибу диданӣ сурат гирифта бо ҳисоби ниҳоии 1 бар 4 ба нафъи ҷавонони мунтахаби Эрон пушти сар шуд.
Ҳисоби дидор дар дақиқаи 14-уми рақобат бо голи задаи Амир Иброҳимзода кушода шуд. Алиакбар Ранҷбар бо гузораи 6-дақиқа голи дуюми тимашро ба ҳадаф расонида ҳисобро 0 бар 2 кард. Дар оғози нимаи дуюми дидор соҳибони майдон аз як ҳолат хуб истифода карда бо голи Бежан Нишонбойзода ҳисоби бозиро тағйир доданд(1:2).
Талоши наврасони эронӣ дар рақобати мазкур бештар ба назар мерасид, ҳамин буд, ки Муҳаммадризо Кушки дар дақиқаи 77-ум ва Ядегар Рустами дар дақиқаи 83-уми ду маротибаи дигар дарвозаи ҳарифро рахна карда ба дидори мазкур нуқта гузоштанд. Бо ҳамин бозии аввали дӯстонаи мунтахабҳои 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо ҳисоби 1 бар 4 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
Шодонҷон СУЛТОНОВ,
“Садои Душанбе”