МЕССИ РЕКОРДИ ПЕЛЕРО ГУЗАШТ
Ҳамлавари дастаи «Барселона» – Лионел Месси дар бозии даври 15-уми Чемпионати Испания бар зидди тими «Валядолид» (3:0), голи 644-уми худро дар ҳайати як даста ба самар расонида, бо ин натиҷа аз шоҳи футбол Пелеи брозилӣ пеш гузашт.
Пеле дар 18 соли фаъолияти касбиаш дар ҳайати дастаи “Сантос”-и Бразилия муаллифи 643 гол шуда буд, ки то чанд рӯзи қабл ин рекорди такрорнашаванда дар таърихи футбол ба шумор мерафт. Ҳамлагари аргентинӣ баъди тағир додани ин рекорди таърихӣ дар саҳифааш дар “Инстаграм” навишатааст, ки «Вақте ки ман ба футболбозӣ оғоз кардам, ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки чунин рекордро тағйир медиҳам.
Барои ноил шудан ба ин дастовард ба ҳама касоне, ки дар тӯли ин солҳо ба ман кӯмак кардаанд, ба ҳамкасбонам, оилаам, дӯстонам ва ба ҳар касе, ки ҳар рӯз маро дастгирӣ мекунад, миннатдорӣ баён мекунам, », —навиштааст Лео Месси дар саҳифаи худ «Инстаграм».
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
«Садои Душанбе»