Шараф Шерализода ба Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо эътимоднома супорид
6 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Директори генералии Созмони Ҷаҳонии Савдо хонум Нгози Оконҷо-Ивеала эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз ҷумла дастовардҳо дар давраи узвият дар созмон, ҷараёни татбиқи уҳдадориҳои гирифта, иштироки мамлакат дар низоми савдои бисёрҷониба ва дурнамои тақвияти робитаҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 159–уми комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид.