Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад
12-14 октябр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиши «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.