Мунтахаби футболи Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми Мердека-2023» гардид

Шоми 17-октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур, бозии финалии 42-юмин мусобиқаи «Ҷоми Мердека» байни мунтахабҳои Малайзия ва Тоҷикистон доир гардид.

Рақобати дастаҳо соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз шуда, бо ҳисоби 2:0 бар суди футболбозони Тоҷикистон хотима ёфт.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаҳои охири қисми аввали рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 44-уми бозӣ Рустам Соиров кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард.

Голи дуюми тими мунтахаби Тоҷикистонро дар лаҳзаҳои охири рақобат Шаҳром Самиев вориди дарвозаи рақиб намуда, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.

Ҳамин тариқ, тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дар бозии ниҳоӣ ғолиб омада, барандаи «Ҷоми Мердека-2023» гардид. Медалҳои нуқраро бошад футболбозони Малайзия ба гардан овехтанд

Бояд қайд намоем, ки ин бозии 4-уми тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор мерафт ва дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб гардида, дар як рақобат малайзиягиҳо пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар ҳоли ҳозир дар радабандии FIFA Тоҷикистон дар байни 207-кишвари ҷаҳон дар зинаи 110-ум ва Малайзия дар зинаи 134-ум қарор доранд.

                   Сорбон Амонуллозода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE