Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Боку оид ба рушди устувор иштирок намуд
15-16 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми Боку оид ба рушди устувор доир гардид. Дар он ҷиҳати муаррифии роҳҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармоягузории «сабз» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар форум иброз гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи банақшагирии стратегии мамлакат таҳким ёфта, ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ин самт мутобиқ ба ҲРУ- Рӯзномаи 2030 СММ таҳия ва амалӣ мегарданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон самти рушди иқтисоди «сабз»-ро интихоб намуда, дар ин самт иқтидорҳои калон дорад. Бинобар ин аз ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя дар амалигардонии Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи форум якчанд мулоқоту суҳбатҳои кӯтоҳ бо намояндагони бахшҳои давлатию хусусӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, бо муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиб Маммадов оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самти савдо, нақлиёт, коркарди нафт, сармоягузорӣ ва дигар самтҳо мусоҳиба доир гардид.