Дар Душанбе Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои  наздимарзии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода нақши лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон»-ро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздимарзӣ, густариши тиҷорат байни аҳолии ҳамсарҳад ва дар маҷмуъ, рушди иқтисодии ноҳияҳои ҳарду давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҳисобот оид ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳаи LITACA дар соли 2023 ва нақшаи фаъолияти он барои соли 2024 пешниҳод шуд. Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа иқтидори кормандони мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, кишоварзон, соҳибкорон, аз ҷумла занон ва ҷавонон баланд бардошта шуда, имконияти тиҷоратии аҳолии наздимарзӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулот  беҳтар гардид.

Изҳори итминон шуд, ки аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон» минбаъд низ ҳамкориро дар доираи ин лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии наздимарзӣ тақвият медиҳанд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE