Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд
14 декабр дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд.
Амалисозии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мебошад.
Аснои муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» 9,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо татбиқи лоиҳа ва суҳбат бо масъулин ҷиҳати амалисозии ҳадафмандонаи он ва истифодаи мақсадноки воситаҳои нақлиёти харидоришуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар мавриди қабул гардидани марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» имконият мавҷуд аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» воридсозии электробусҳои нав ба роҳ монда шавад. Барои ин ҳамаи имкониятҳо дар Муассисаи нақлиётии автомобилии корхона мавҷуд аст.
Дар доираи лоиҳа сохтмони Муассисаи нақлиётии автомобилӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда анҷом ёфт.
Бунёди бинои маъмурии дуошёна бо таҳхона, сохтмони бинои таъмирӣ ва шустушўи нақлиёт, васли таҷҳизоти барқӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ аз қабили трансформатор, кашидани қубурҳои оби нӯшокӣ, васлу насби таҷҳизот, корҳои мумфаршкунию бетонпушкунии майдони муассиса, кашидани хатҳои уфуқӣ, шинонидани ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулу буттаҳо аз зумраи тадбирҳое буданд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи ҳамин лоиҳа сифатан хуб анҷом дода шуданд.
Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» аз ҷониби ҶДММ «Акиа Авесто» 39 адад автобусҳои мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ба КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ворид гардид.
Ҳамчунин дар доираи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 адад воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи «Акиа–LE9», бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харидорӣ гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41 адад расонида шуд.
Ин тадбир имконият медиҳад, ки хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ монда шаванд. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни кам ва кутоҳ будан барои фаъолият дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атроф мусоид мебошад. Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва воситаҳои вориду хориҷшавӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.
Вобаста ба ташкили низоми ҳамгироишудаи хариду фуруши чиптаҳои электронӣ барои дохили автобусҳо, то имрӯз аз ҷониби ҶДММ «Авесто-Гурӯҳ» дар асоси қарордод 40 ҳазор кортҳои нақлиётӣ фармоиш дода шудааст ва ба қарибӣ низоми пардохти электронии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои дохилишаҳриву беруназшаҳрӣ фаъол мешавад. Баъди ба истифода додани КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» 130 нафар шаҳрвандон ба ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд.
КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар-Кӯлоб бунёд гардид, ки ин раванд дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону содда гардидани рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Аз шумораи умумии 41 воситаи нақлиёти ба корхона воридгардида, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намудааст. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Тасмими мазкур боиси хушҳоливу фараҳмандии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф гардидааст.
Зимнан бо ба истифода додани КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» кор дар хатсайрҳои дигар оғоз шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба масъулон дастур доданд, ки қабл аз ҳама тавассути автобусҳои хуштарҳу замонавии истеҳсоли ватанӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро боло бардошта, бо фаъол кардани хатсайрҳои нав ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли бехатари мусофиронро таъмин созанд.