Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан намуд

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 19 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии №13 ва Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои номбурда шинос шуда, инчунин аз рафти табобати беморон низ дидан намудаву бо наздикон ва пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Аз ҷумла зимни боздид аз Таваллудхонаи №2 гуфта шуд, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE