ХАБАРИ ТАЪҶИЛӢ: СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО БО 59-МУСОФИР ДАР ИНДОНЕЗИЯ
Мақомоти ҳавоии Индонезия тасдиқ кард, ки алоқаи ҳавоии худро бо ҳавопаймои Боинг 737-500-и ширкати ҳавопаймоии Сривиҷая Эйр аз даст доданд. Тибқи иттилои хабаргузориҳои ин кишвар ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Инданезия шаҳри Ҷакарта бо сабабҳои номаълум алоқаи ҳавоиро аз даст дода ба баҳр афтодааст. Хабаргузории Синхуа бо такя ба манобеи огоҳи хеш дар Индонезия иттилоъ додааст, ки дар дохили ҳавопаймо 59-нафар аз ҷумла кӯдакон ва ҳатто тифлакони ширхора низ қарор доштанд. Вазири нақлиёти Индонезия чанд лаҳза пеш расман иттилоъ дод, ки ҳавопаймо ба баҳр афтодааст ва қисмҳои он ҳамчунин чанде аз ҷасадҳоро дарёфт кардаанд. Мақомот мегӯянд наҷотдиҳандагон дарҳол ба макони суқути ҳавопаймо ҳозир шудаанду ҷусутӯйи боқимонда ҷасадҳо бошад идома дорад. Сабабҳои суқути ҳавопаймо муайян нест.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе