ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ НАВРӮЗ
Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мост, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд, ки дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Фикр мекунам ва мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.
Инак, сивусеюмин соли Истиқлоли давлатӣ дар фазои сулҳу субот ва созандагию ободкориҳо бомаром ҷараён дорад ва мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами худ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии оромона ба сар мебарад ва ояндасозӣ мекунад.
Дар ин сиву се сол, ки Истиқлоли давлатӣ дар паҳнои бекарони макону замон дар Коиноти бузург дар ҳаракат аст, миллат бо сарварии Пешвои муаззами худ дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ гомҳои устувор бардошт ва яке аз дастовардҳои муҳимаш ин дубора эҳё намудани ҷашнҳои миллию мардумию таърихиаш ба монанди Садаву Наврӯзу Тиргону Меҳргон будааст. Мо, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯзи миллиамон, ки акнун бо ташаббусҳои Пешвои миллат ҷашни байналмилалӣ гардид ва имрӯзҳо тамоми мардуми кураи Замин онро ҷашн мегиранд ва Наврӯзро ҳамчун ҷашни таърихии ниёкони мо – мардуми ориёинажод эътироф намуданд, қарор дорем, мехостам чанд нуктаи муҳимро доир ба ин ҷашн ба қалам орам.
Аввалан, чанд сухан аз таърих. Вақте ки дар бораи Наврӯз сухан меравад, бешубҳа, номи шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихии эронитаборон Ҷамшеди Пешдодӣ пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба сухани дигар, Наврӯзро бе Ҷамшед ва мутаносибан, Ҷамшедро бе Наврӯз тасаввур кардан имконпазир нест. Ӯ симои марказӣ дар оин ниҳодани ҷашни Наврӯз маҳсуб мешавад. Тибқи манобеи муътамад ва сарчашмаҳои таърихӣ, Пешдодиён аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ будаанд ва дар бахши “Яштҳо”-и Авасто, осори паҳлавӣ бо шумули “Минуи хирад”, “Бундаҳишн” ва амсоли инҳо дар бораи онон сухан рафтааст. Мувофиқи маълумоти Авасто, Ҳушанг (шоҳи дуюми Пешдодӣ дар “Шоҳнома”) унвони парадата – пешдодро дорад. Каюмарс дар Авасто ба сифати нахустин инсон муаррифӣ мешавад. Шоҳони сулолаи Пешдодӣ, ба ривояти Ҳаким Фирдавсӣ даҳ нафаранд: Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Нӯзар, Зави Таҳмосп, Гаршосп. Ҳар яке аз подшоҳони Пешдодӣ аносири маданияту фарҳангро ба мардуми худ омӯзонданд. Аз ин ҷост, ки Пешдодиёнро чун қаҳрамони маданиятомӯз ном мебаранд. Агар Ҳушанг афрӯхтани оташ, ба даст овардани гавҳар, ҷудо кардани оҳанро аз санг, оҳангарӣ, сохтани табар, арра, теша, либос дӯхтан аз пӯсти санҷоб, қоқум, рӯбоҳ, самурро ба мардум ёд дода, гову хару гӯсфандро ром карда бошад, Таҳмурас силоҳи ҷангӣ ихтироъ намуда, анвои гуногуни хат – румӣ, тозӣ, порсӣ, суғдӣ, чинӣ, паҳлавӣ ва ғайраро ба мардум омӯхт ва дар ниҳоят, Ҷамшеди Пешдодӣ давраи тиллоии фарҳангу сиёсат ва салтанати ориёиро асос гузошт.
Акнун шуруъ мекунем ба таҳлили фалсафаи Наврӯз ва ҳодисоти наврӯзӣ, ки чи ҷашнест ва чи рӯзест. Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик ва умуман мардуми ҷаҳон мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва олими қарни даҳум, дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки «рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар «Китоб-ут-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав хонданд, зеро ки пешонии соли нав аст». Бояд гуфт ки маншаъ ва замони пайдоиши Наврӯз, дақиқан маълум нест, аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, «Таърихи Табарӣ», «Китоб-ут-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобилиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538-и пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобил бозмегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои барҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯйи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳ ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккаи тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.
Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикоёту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобил омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем. Дар ин китоб дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, ки ба назари пешиниёни мо кадом рӯз будаасту кадом подшоҳ онро оин ниҳодааст ва онро чаро бузург доштаанд, чунин омадааст: “Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада, мубадон гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд.
Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррамӣ кардан ба аввали сол ҳар, ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро Зулқарнайн хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро Наврӯз бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд, то ба рӯзгори Нӯширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт: «Ин оин ба ҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат, ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд, аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. Ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба Ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан”.
Дар бораи ба вақти мизони баҳор овардани Иди Наврӯз дар замони хилофати араб кӯшишҳои зиёде карданд ва оқибат ба вақти таърихии худ баргардонданд. Танҳо соли 392 ҳиҷрии қамарӣ дар натиҷаи ҳар чаҳор сол якрӯзӣ ақиб мондан ба аввали Ҳамал расид.
Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии Ид низ фарқ доштааст. Баргузории Ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тул мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи хурд ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми фарвардин (хурдодрӯз), Ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард.
Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тули панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадияҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. Ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт.
Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадияҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин, об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои Иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор.
Аввалин шоҳе, ки Наврӯзи омма ва хоссаро бо ҳам омехта, рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур (солҳои ҳукмрониаш 272-274) будааст… Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузарондани Иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯйи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ Ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд. Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолиддин Маликшоҳи Салчуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузарондаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи Маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад.
Албатта, вақте ба ин далелҳои таърихӣ рӯй меорем, бешубҳа, аз бузургӣ ва дониши ниёкони худ огаҳ мешавем, ки дар он замони дур, бе доштани таҷҳизоти дақиқи ченкунанда рӯзи Наврӯзро дарк намуданд. Дар замоне, ки таълимоти заминмеҳварӣ, яъне мувофиқи ин назария Офтобу сайёраҳо дар атрофи Замин ҳаракати даврӣ доранд, бар хилофи назарияи имрӯзаи хуршедмеҳварӣ, тавонистаанд аниқ ва дақиқ ин рӯзро муайян намоянд, ки бевосита ба ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд аст.
Ба имрӯзиён маълум аст, ки ивазшавии шабу рӯз бо гардиши кураи Замин дар атрофи тири меҳвари худ вобаста аст ва тағйирёбии фаслҳои сол бо гардиши Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд мебошад.
Даврае, ки кураи осмонро ба ду қисм тақсим мекунад – нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҳамвории экватори осмонӣ номида мешавад. Сайёраи Замин (ва дигар сайёраҳои калон) дар гирди Офтоб тавассути давраи дигар ҳаракат мекунад, ки ҳамвории эклиптика ном дорад. Кунҷи байни ҳамвориҳои эклиптика ва экватор тақрибан 23 дараҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамвориҳо ҳамдигарро дар ду нуқта бурида мегузаранд, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ меноманд. Ҳар сол рӯзи 20-ум ё 21-уми моҳи март Замин аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Заминро аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин, сарҳисоби соли нави астрономӣ аз ҳамин ҳодиса оғоз мегардад. Инчунин, дар вақти гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии давомнокии шабу рӯз (эътидол) ба вуҷуд меояд. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар илми астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт қабул карда шуд. Бинобар ин, тамоми олимон ва мутахассисони ҷаҳон новобаста аз дин, миллат ва дигар далелҳои ҷамъиятӣ мавқеи ҷирмҳои осмониро бо мутобиқ кардан ба ин лаҳзаи эътидоли баҳорӣ муайян менамоянд.
Дар зери таъсири ҷирмҳои дигари низоми офтобӣ тири меҳвари гардиши Замин дар фазо ҳаракати мурраккаб мекунад. Аз ин сабаб, нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз рӯйи эклиптика андак ҷой иваз мекунад. Ин ҳодисаи тағйирёбии ҷойгиршавии нуқтаи эътидоли баҳориро астрономи Юнони Қадим Гиппарх дар асри II пеш аз милод кашф карда буд, ки онро претсессия меноманд. Бинобар ин, лаҳзаи гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ ҳар сол ба 20-ум ё 21-уми март рост меояд. Дарки ин асрори табиат аз ҷониби ниёкони мо анқариб шаш ҳазор пеш аст, ки мо онро ҳамчун таърихи шашҳазорсолаи Наврӯз ном мебарем.
Ҳамин аст, ки зиёда аз шаш ҳазор сол Наврӯз ҳамчун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ, ободию тамйизкорӣ мардумро ба кору пайкори созанда даъват менамояд. Эҳдои хушҳолӣ ва суруру шодмонӣ барои тамоми мардум ҷанбаи иҷтимоии ин ҷашни бузурги аҷдодиро баръало таҷассум менамояд. Бинобар ин, ободкорӣ, созандагӣ, ҳамоғӯшӣ бо табиати зиндаву бедор, бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, дур кардани кинаву адоват ва дар як ҳалқаи наврӯзӣ ҷамъ омадан, аз ҷумлаи суннатҳои дерпойи Наврӯзи бостонӣ аст, ки бо ташаббусу ибтикороти Пешвои муаззами тоҷикон сол ба сол бошукӯҳтару пурҷилотару ҷаҳонитар мегардад.
Фарҳод РАҲИМӢ, академик
Бознашр аз “Ҷумҳурият”