Аз таъсиси телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ду сол пур шуд

Имрӯз аз таъсиси ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ду сол пур шуд.  Кормандони ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамарӯза талош доранд бо пахши барномаҳои ҷолибу диданӣ бинандаи худро бо иттилои зарурӣ таъмин намоянд. Имрузҳо барномаҳои ин телевизионро дар хориҷи мамлакат низ тамошо кардан мумкин аст. Дар сомонаи расмии шабака низ тамошобинон метавонанд, барномаҳоро дар пахши зинда бо сифати HD тамошо намоянд.  

1 апрели соли 2022 бо мақсади инкишоф додани иқтидори воқеии шаҳру деҳот, муаррифии манзараҳои зебои кишвар, мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Пас аз 1 сентябри соли 2022 бо пайваст шудан ба моҳвораи ЯҲСАТ мавҷи Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба давлатҳои хориҷи кишвар низ дастрас гардид. Тавре муовини директори телевизиони мазкур Умед Шарипов иброз дошт, муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муарифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари барои сайёҳӣ мувофиқу дорои фарҳангу ҳунари волои таърихӣ  таъсис дода шудааст.

Яке аз идораҳои асосии шабакаи телевизивонӣ Раёсати барномаҳои иттилоотӣ ба шумор меравад, ки кормандони он ҳамаруза бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барномаи Паёмро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд. Тавре сармуҳаррири ин идораи ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Саъдӣ Ғоибов иброз дошт, ҳадафи асосии онҳо рушди соҳаи саёҳӣ ва тарғиби он мебошад.

Тамошобинони ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 10 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо, бештар аз 5 миллионаш аз Тоҷикистон ва бақияаш аз Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва давлатҳои Аврупою ИМА мебошанд.

Раҳмонзода М.,

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE