Дар Ваҳдат даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид
Имрӯзҳо дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» идома дорад. Дар доираи ин фестивал дар шаҳри Ваҳдат низ бо иштироки намояндагони аҳли илму адаб ва наврасону китобдорон хамоиши идонаи «Рӯзи китоб» доир гардид.
Нахуст меҳмонон, шоиру нависандагон ва дигар аҳли илму адабро, ки дар доираи Фестивали чумхуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз пойтахти мамлакат ба шаҳри Ваҳдат ташриф овардаанд, наврасони шаҳри мазкур зери навои мусиқӣ бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Сипас аҳли илму адаб аз намоиши китоб, аксу мусаввара, хунархои кудакон ва наврасони ин шаҳр дидан намуданд, ки хеле таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Дар маросими расмии кушодашавии ин фестивал дар шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳмонзода –муовини раиси шаҳр зимни баромадаш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур ҷамъомадагоро ба «Рӯзи китоб» табирку таҳният гуфта, саҳми китобро дар рушди маънавии насли наврасу ҷавон ва дар умум ҷомеа барҷаста маънидод кард:
Чорабинии фарҳангии театрикунонидашудаи наврасон ва китобдорони шаҳри Ваҳдат имсол дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ба ҳаёту эҷодиёти зиндаёд Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ бахшида шуда буд, ки хеле дар сатҳи баланд пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Шоир – нависандаи осори кӯдакона Латофати Кенҷа дар ин ҳамоиш китобҳои нави таълифнамудаи худро ба наврасон муаррифӣ намуданд.
Ҳусейн Сафарзода – директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар баргузории фестивали мазкурро дар бедор намудани шавқу рағбати наврасон ба китобхонӣ ва дастрасӣ ба адабитёи бачагона дар саросари мамлакат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, илова кард, ки ҳар сол дар доираи баргузории ин чорабини як қатор озмунҳои нав низ эълон ва баргузор карда мешавад.
Ҳамзамон дар заминаи шартҳои озмунҳои Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби наврасони дастагули шеъру тарона, қироату шеъру достон ва ҳикоя манзур гардонида шуд, ки ҳакамон ба донишу маҳорати онҳо баҳои баланд доданд, Ба маълумоти масъулин Фестивали мазкур 9 апрел ба охир расида, даври ҷамбастии он 16 апрел дар толори МД «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳову ифтихорномаҳо ва дигар ҷоизаҳо қадрдонӣ хоҳанд гардид.
Тоҷиддин Сатторов,
“Садои Душанбе”