БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ. ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ВАҲДАТ
Рӯзи пойтахт дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсози миллат барои сокинони шаҳри Душанбе хеле арзишманд буда, мояи ифтихор ва сарфарозиҳост.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ҳамагон маълум аст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷил карда мешавад. Таҷлил намудани Рӯзи пойтахт имрӯзҳо ба шакли анъанаи даромада ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки хақи бузургвори тоҷик ба арзишҳои миллии худ арҷ мегузорад ва онро ҳамеша пос медорад.
Бо шарофати соҳибисиқлоии кишвари азизамон ва Ваҳдати миллӣ ифтихорманд аз он ҳастем, ки дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ ва хоҷагии халқ ва шароити зиндагии мардум пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад. Ин ҳама дастовардҳо ва бо суръати баланд таррақӣ намудани кишвари биҳишосоямон аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиамон манша мегирад. Дар ин самт саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фидокориҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки ин ҳам барои беҳтару хубтар намудани вазъи зиндагӣ ва осоиштагию дилгарми сокинони пойтахти мамлакат мебошад, ки барои мо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.
Сол ба сол шукӯҳу зебоии шаҳри Душанбе афзун гашта, хотири таъби сокинон ва меҳмононашро шоду масрур месозад. Пойтахти миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар саҳифаи таърихи мамлакат ҳамчун маркази илму фарҳанги тоҷик нақш хоҳад баст. Мушоҳидаҳо инъикосгари он аст, ки симои шаҳри Душанбе лаҳза ба лаҳза аз пештара зебову ҷаззобтар гардида истодааст, ки ин аз орому осуда будани шаҳри азизмон дарак медиҳад. Биноҳои баландошёнаи маъмурии тарҳи замонавӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш намуда, ба кас таровати хосаеро мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 23.12.2022 чунин иброз дошта буданд: “Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматкаши мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва инчунин бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагӣ аз имрӯза беҳтар шароити мусоид фароҳам меоваранд”. Аз ин суханони ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат соҳибкорон ва саховатмандони ватанӣ илҳом гирифта, барои боз ҳам зебову гуворо ва дилнишин гардидани ин гушаи ватанамон тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дода истоаданд, ки мо ҳамарӯза бо самараи заҳматҳои хастанопазири ин фазонафарзандони миллати худ ошно гардида истодаем.
Бояд тазаккур дод, ки пойтахти мамлакати соҳибиқболу соҳибистиқлоламон ягона хонаи умеди тамоми тоҷикони рӯйи дунё, шаҳри сайёҳон, шаҳри ҷавонон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру муҳаббат, маскани қаҳрамонони бузург ба ҳисоб рафта, бо талоши абармардони ватансоз тавонистааст ба яке аз шаҳрҳои амнтарин ва зеботарину замонавӣ мубаддал гардад. Тарҳи зебои Душанбешаҳр тавонистааст, ки имрӯзҳо миёни дигар шаҳрҳои минтақа муосиртарин ва ба чашми сайёҳон дилработарин бошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шаҳри Душанбе тавонистааст, ки имрӯзҳо шаҳри мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмилаӣ гардад, дар қабули меҳмонони хориҷӣ бо суннатҳои баланди миллии тоҷикона ва эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ мавқеи дурахшони худро пайдо намояд.
Таъмини устувори амният ва ҳифзи бомароми тартиботи ҷамъиятӣ дар саросари пойтахт гувоҳ аз он медиҳад, ки тӯли чанд соли охир на танҳо шумораи аҳолии муқимии он, балки теъдоди сайёҳону меҳмонони хориҷие, ки мароқи сайру гашт дар боғу гулгаштҳои дилрабо ва мавзеъҳои фараҳафзои шаҳри Душанберо доранд, рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Созмонҳои байналмилалӣ чунин дастовардҳоро ба инобат гирифта, шаҳри Душанберо дар қатори 10 шаҳри амн ва бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф намудаанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди пойтахт ба шумор меравад.
Воқеъан ҳам, Душанбе дар қиёс ба солҳои пешин аз ҷиҳати рушд ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ва инчунин ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ба таври пайваста рушд намуда истодааст, ки боиси пайравист.
Ҳамин тариқ, бояд зикр намуд ки, ҳоло Душанбеи гулафшонро наметавон шинохт. Воқеан ҳам, рӯз то рӯз симояш дигаргун гашта истодааст, ки дар он саҳми бевоситаи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарварии Раиси ҷавону ояндадори шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Наметавон созандагиву ободкориҳои хеле бузурги ин марди накӯро нодида гирифт.
Дар фарҷом бояд қайд намоям, ки ҳамаи мо аз хурд то бузург муваззафем, ки бо дарки масъулият дар назди ҷомеа пойтахти ватанамон – шаҳри Душанберо дар оянда низ ҳамчун маркази ваҳдат, ризоияти ҷомеа, волоияти қонун ва дигаргунсозиҳои куллии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию созандагӣ нигоҳ дорем!
Шавкат ОСТОНАЕВ,
мудири бахши кор бо ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон