ДУШАНБЕ – ШАҲРИ САБЗИ ОРЗУҲО. БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ

 «Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки ба номи Ватан ва пойтахти он-шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад, зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик ва ягонагии ормонҳои тоҷикон мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳама олам ба пеши ман чӣ бошад,

 Парижу Маскаву Ландан чӣ бошад,

 Душанбе, дар тани ман чун дил астӣ,

 Ба қурбони ту ҷону тан чӣ бошад?

 Душанбе, шаҳри толеъ, шаҳри бахтам,

 Душанбе, пойбахтам, пойтахтам.

 Ту ҳастӣ ҳамнишини рӯзи некам,

 Ту ҳастӣ дастгири рӯзи сахтам!

 Аз 1-уми марти 2005 инҷониб дар кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун «Рӯзи пойтахт» бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Пойтахт ҳамрадифи муқаддасоти миллие, амсоли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифгарии давлат маҳсуб меёбад. Дараҷаи ташаккул ва тавсеаи давлатдории навини мо ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии пойтахти нозанинамон иртиботи зич дорад. Пойтахт набз ва меҳвари сиёсати умумимиллист, ки тамоми равандҳои давлатдорӣ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ гирифта, ба тамоми манотиқи кишвар паҳн мегардад. Душанбеи зебои мо яке аз абзорҳои асосии худмуайянкунии тоҷикон аст. Барои сиёсатшиносону сиёсатмадорон шаҳри Душанбе меҳвари сиёсату маъмурият, барои иқтисодчиён шаҳри шуғл, савдою саноат, барои меъморон шаҳри иншооту ёдгориҳо ва барои омма шаҳри ваҳдату якдилӣ ва орзую ормонҳост.

 Ҷойгоҳи хоссаи пойтахт дар он зоҳир мегардад. ки муҳимтарин равандҳои сиёсӣ: маъракаҳои бузурги давлатӣ, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар ин шаҳр оғозу анҷом меёбанд. Пойтахт дорои иртиботи васеи байналмилалӣ буда, макони ташрифи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои фаромиллӣ, бонкҳо ва ғайра аст. Яъне, амалан, хориҷиён дар симои пойтахт Тоҷикистонро ва дар симои Тоҷикистон пойтахти зебоямонро мебинанд.

 Душанбеи имрӯза, ки аз зебоиаш меҳмонон ангушти ҳайрат мегазанд, шаҳри бостониву таърихист. Этнографи рус Зеймал Е.В.-мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ҷумҳуриявии кишваршиносии Тоҷикистон (с.1959) навишта буд, ки «дар асрҳои 11-13 дар мавзеи имрӯзаи Душанбе шаҳри ободу зебое вуҷуд дошт. Қадимтарин осори зиндагии инсон дар қаламрави Душанбе ба асри санг – неолит мутааллиқ аст ва олимон ин давраро дар таърих «маданияти Ҳисор» номгузорӣ кардаанд». Аз ҳудуди шаҳри Душанбе олоту асбоби сангиву мисӣ, бозёфтҳои нодири давраи асри биринҷӣ ба даст омадаанд, ки ба таърихи бостонӣ доштани ин шаҳр далолат мекунанд.

 Номи Душанбе дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал с.1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати Маскав Фёдор Алексеевич ба чашм расидааст. Тибқи ривоятҳо, ин шаҳр сари дуроҳае ҷойгир будааст ва ҳар рӯзи душанбе дар он бозоре баргузор мегаштааст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки баъдан дар ҷои он пайдо шуд, Душанбе ном гирифт. Корвонсаройҳои зиёде дошт ва тоҷирон аз он ба Самарқанду Хуҷанд,Кӯлобу Помир амволи худро барои фурӯш мебурданд. Ва сарзамине, ки ҳамакнун Душанбе дар он ҷойгир аст, дар садаҳои миёна Шумон ном дошт. Қалъаи имрӯз дар 5 километрии шарқу ғарбии Душанбе мавҷуда бозмонда аз ҳамон Шумон аст, ки дар садаҳои 15-17 «Ҳисори Шодмон»(яъне қалъаи Шодмон) номида мешуд. Ин қалъа тахтгоҳи беки Хисор Шоҳимардонқул буд ва баъди вайроншавиаш бар асари заминларзаи соли 1907 ин бек ба қалъаи Душанбе кӯчиду онро тахтгоҳи худ қарор дод.

 Охирин амири Бухоро – Олимхон то соли 1920 дар Душанбе мезист ва пасон ба Афғонистон фирор намуд. Аввали соли 1922 шаҳрро Анварпошшои турк забт кард ва охири ҳамин сол он ба дасти артиши болшевикон гузашт. Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон соли 1924 Душанбе пойтахт эълон гардид. Соли 1929 ба шаҳр номи И.В. Сталинро гузоштанд, соли 1961 бошад, дубора ба он номи пешинаашро баргардониданд…

 Дар 33 соли истиқлоли давлатиамон Душанбе, ки замоне ҳамагӣ 500 ҳавлию 6000 одам дошту хонаҳояш похсагиву бомҳояшон найпӯш буданд, ба шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муҳташами иҷтимоиву фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳу осмонбӯси истиқоматӣ, боғҳои дилпазири фароғатӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ, роҳҳои мумфарши сатҳи байналмилалӣ, гулгашту хиёбонҳои дилрабо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ табдил дода шуд.

Санги асосии бозсозии Душанберо дар даврони истиқлоли давлатиамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Аз рӯзҳои нахустине, ки пойи мубораки ин фарзонафарзанди миллат ба пойтахт расид, гӯё ки шаҳри хуфта бедор шуд, ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гашт. Нақшаҳои ояндасозонаи Пешвои миллатамонро Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амал татбиқ карданд, Душанберо дар як муддати кӯтоҳе ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд.

 Фидокорию ояндафрӯзии роҳбари нексиришту некрой ва кордону миллатфидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва шоистакориҳояшон ҷиҳати гулбадомонии пойтахт намунаи олии парастишу арҷгузории ғояи олии меҳанпарастисту дар олам назир надорад. Душанбеи нозанин аз баракати ин шаҳрдори зебоиофар гулбасар шуд, нозанинтар шуд, шуҳраи даҳр шуд, ифтихори ҳар ватанпарвар шуд!

 Рустами мо ин Душанберо гулистон кардааст,

 Ин маконро бо талошаш боғу бӯстон кардааст.

 Бо саодат, бо саховат, бо садоқат бар Ватан

 Ӯ Душанберо баҳори сулҳу эҳсон кардааст.

 Баски ин шаҳри дилоро шаҳри сулҳу дӯстист,

 Халқи дунёро ба хони хеш меҳмон кардааст.

 Қадр карда олимонро мениҳад болои сар,

 Шаҳри зеборо фурӯғи илму ирфон кардааст.

 Шаҳри зебои Душанберо хирадмарди ҷавон

 Хонаи бахту умеди Тоҷикистон кардааст.

 Чун Душанбе ман надидам сабзшаҳре дар ҷаҳон,

 Рустами мо шаҳри моро зеби даврон кардааст!

 Оре, Шаҳрдори оқили мо тайи 7 сол тавонист манзалати Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ дар тамоми самтҳои афзалиятнок боло бубарад. Пойтахтамон чун маркази рушди илму маориф, муаррифгари фарҳангу тамаддуни тоҷик ва макони амну шукуфоӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маркази бузурги маъмурӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ табдил ёфт.

 Душанбеи ба мо азиз тайи солиёни истиқлол мизбони чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналхалқӣ гардид, масалан: ҳамоиши 1100-солагии давлати Сомониён, ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Иттиҳоди Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, симпозиумҳои «Таҷрибаи таърихии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон», «Аҳаммияти байналмилалии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», форумҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе-макони фарҳанг ва равобити сайёҳӣ», «Душанбе-инвест-2021» ва чандин форумҳои сатҳи баланд оид ба масоили об, Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ, чандин конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи баланд, масалан, таҳти унвони «Ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», Рӯзҳои фарҳангии ш. Маскав дар Душанбе, рӯзҳои шаҳру вилоятҳои кишвар ва ғайра.

 Самараи заҳматҳои меҳанпарастонаи шаҳрдори бунёдгар муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Душанберо «шаҳри сайёҳӣ» эътироф намуд ва Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ИДМ ворид кард, дар раддабандии барои кишварҳои хориҷӣ таҳиякардаи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари барои сайёҳони Россия маъруфтарин-ТОП-50 ворид гардид. Рӯзномаи бонуфузи «Financial Times»-ро ба руйхати ҳашт кишвари барои сайёҳӣ беҳтарин баргузида, ба хонандагон боздид аз шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои кишварро тавсия додааст.

 Имрӯз Душанбешаҳр узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе-бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (ВТСФ) буда, бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо равобити ҳасана дорад, бо шаҳрҳои Маскаву Тошкент ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-техникиро ба роҳ мондааст. Созмони бонуфузи ЮНЕСКО соли 2004 барои таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ гулшаҳрамонро бо «Ҷоизаи сулҳ» мушарраф гардонид.

 Барои тамоми тоҷикони олам мӯҷиби ифтихору сарфарозист, ки соли 2021 Душанбе бо унвони «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» мушарраф гардида буд. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва таҳкими бештари зарфиятҳои фарҳангии ин давлатҳо ҳамчун майдони зеҳниву эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо роҳандозӣ шудааст.

 Ин унвони баланди пойтахт ба дӯши сокинонаш масъулияти бузурги ҳифзу муаррифии онро вомегузорад. Ҳар яки мо муваззафем, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинии худро ба меҳмонону дӯстони хориҷӣ нишон диҳем, онҳоро бо меҳмоннавозии самимонаи тоҷикии худ истиқболу гусел намоем, гулгашту хиёбонҳои зебо ва хонаву коргоҳҳои барҳавои худро тоза нигоҳ дорем, барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ҳамеша дар паҳлӯи шаҳрдори зебоиофари худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем, бо кабудизору дарахтзоргардонӣ шаҳрамонро ба биҳишти ҳақиқии заминӣ мубаддал гардонем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарҳанги волои муоширату муносибатро тарғибу риоя намоем. Ин таъкиди хирадмандонаи фарзонафарзанди тоҷикони олам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як сокини пойтахти зебоямон қарор бигирад: «Агар мо давлати сохибистиқлолу озоди худро дӯст дорем, дар навбатии аввал пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он ҳама имконияту захираҳоро истифода барем ва исбот кунем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».

 Душанбе, хонаи ободи моӣ,

 Мусаллоиву Рукнободи моӣ.

 Ҳамеша хоҳамат обод бошӣ,

 Чу тору пуд дар бунёди моӣ!

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE