АЗ ПАЁМ: СОЛИ 2020 ҲАҶМИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ БА КИШВАР ВАСЕЪ ГАРДИД
Бо мақсади дастгирии соҳаи иқтисоди кишвар ҳаҷми сармояи хориҷӣ васеъ гардида, сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар бештар ворид шудааст. “Ба соҳаҳои иқтисодӣ 5, 4 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид карда шуд, ки аз ин шумора 1,3 млрд. сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ мебошад”, – зикр доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар.
Ҳамзамон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби Пешвои миллат супориш гирифтанд, ки минбаъд фаъолияти худро дар самти ҷалби васеи сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақими хориҷӣ бештар намуда, бо ин роҳ соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи кишварро дастгирӣ намоянд.
Таъки гардид, ки соли 2020 Ҳукумати кишвар ҷиҳати афзудани ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ 17 созишнома ба имзо расонд, ки дар пайи татбиқи онҳо 15 коргоҳи наву замонаӣ таъсис ёфтанд.
Инчунин, зикр кара шуд, ки дар соли 2020 бо сабаби пандемияи Ковид – 19 наздик ба 80%- и муҳоҷирони кишвар ба берун рафта натавонистанд ва дар ин давра ҳамагӣ 111 000 нафар ба берун баромадаанд. “Дар оянда мо кӯшиш мекунем, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ҳамаи ҷавононмонро дар дохили кишвар ба кор таъмин кунем”, – таъкид намуданд Пешвои миллат.
Бояд гуфт, ки ҳоло ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома дорад.