АЗ ПАЁМ: ТАНҲО СОЛИ 2020 ҲУДУДИ 300 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БО 6500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДА ШУДАНД

Имрӯз зимни ирои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи саноат низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 351 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифа шуда буд. “Танҳо соли 2020 ҳамагӣ 300 корхонаи нави санатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мо нақша дорем, ки то соли оянда шумораи умумии корхонаҳои саноатиро ба 3500 адад расонем, ки да ин ҳолат ин соҳа 51% афзоиш меёбад”, – зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ин нақшаро бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ давра ба давра амалӣ намоянд.

Ҳамзамон, Вазоратҳои санот ва маориф супориш гирифтанд, ки шумораи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соҳаи саноат, паркҳои технологӣ ва озмошгоҳҳоро афзуда, шумораи нафаронеро, ки барои таҷрибаандӯзӣ дар соҳаи саноат ба хориҷи кишвар мераванд, зиёд намоянд.

Инчунин, зикр карда шуд, ки аксар коргоҳҳои саноатии дар солҳои пеш бунёдшуда таҷдиду азнасозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиританд.

Дар идома Президенти кишвар зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон сохтори нав – Агентии иноватсия ва технологияҳои нави назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва дастур доданд, ки сохторҳои марбут чораандешӣ кунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE