Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” оғоз гардид
Имрӯз дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” оғоз гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Шукрона Насриддинзода хабар дод.
Дар маросими кушодашавии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар суханронии хеш меҳмонону иштирокчиёнро шодбош гуфт.
Сипас, номбурда тағйиру илова ва талаботҳои нави озмунро ба саҳми ҳозирин расонид. Ҳамчунин муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз натиҷаҳои бадастомадаи озмун дар солҳои гузашта ёдовар гардида, таъкид намуд, ки ташкили ва баргузории чунин озмунҳо баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Гуфта мешавад, ки даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда 1 апрел оғоз гардида, 30 апрели имсол дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.